Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 45-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар ҷамъи роҳпаймоён, бо ишора ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва ҳимоятҳои бебадили Амрико аз ин режим бар таваққуфи сареъи ҳамалоти режими саҳюнистӣ таъкид ва тасреҳ кард:Бовуҷуди талоши бевақфаи Ғарб, Эрон ҳамчунон аз Фаластину ормонҳои Инқилоби исломӣ ҳимоят мекунад ва баъд аз гузашти 45 сол аз пирӯзии Инқилоби исломӣ исбот шуд, ҳақ бо Ҷумҳурии Исломии Эрону имоми роҳилу муқтадои басиратофарини мо аст, ки фармуд, Фаластин масъалаи аввали ҷаҳони Ислом аст ва Қудс бояд озод шавад.
Раисӣ роҳи аз байн рафтани режими саҳюнистӣ ва боздорандагии ин режим аз ҷиноятро қатъи ҳамаи равобити иқтисодӣ ва муъодилот бо режими саҳюнистӣ донист ва таъкид кард: Пешниҳоди Эрон ихроҷи режими саҳюнистӣ аз Созмони Милали Муттаҳид аст. Режиме, ки 400 баёния, қатънома ва мусаввабаи созмонҳои байналмилалиро токунӯн нақз карда, чигуна метавонад пойбанд ба мисоқҳо ва мусавваботи Созмони милал бошад.
Раисӣ бо баёни инки озодӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба баракати Инқилоби исломӣ тазмин шудааст, гуфт: Касоне, ки муддаии демократия ҳастанд ба раъйи фаластиниҳо ва яманиҳо ва раъйи миллатҳои худ эҳтиром намегузоранд, вале низоми Ҷумҳурии исломӣ, мубтанӣ бар ҷумҳурият ва милокаш райи мардум аст.
342/